Author name: Администратор

Вохӯрии корӣ бо соҳибкорони минтақаи Бохтар доир ба муаррифии фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон

Санаи 10-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Бохтар вохӯрии корӣ бо соҳибкорони минтақа доир ба муаррифии фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 50 нафар намояндагони доираҳои соҳибкории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, роҳбарони корхонаҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати сармоягузорӣ ва …

Вохӯрии корӣ бо соҳибкорони минтақаи Бохтар доир ба муаррифии фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон Read More »

Ҷамъбасти силсила вохӯриҳо дар шаҳри Конибодом.

Рӯзи 28 ноябри соли ҷорӣ дар бинои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, вохӯрии навбатии намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон  бо соҳибкорони шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Конибодом Охунзода Одил оғоз гардида,  дар ҷараёни мулоқот иштирокчиён бо самтҳои фаъолият, имкониятҳои маблағгузорӣ ва лоиҳаҳои дастгирии соҳибкорӣ …

Ҷамъбасти силсила вохӯриҳо дар шаҳри Конибодом. Read More »

Идомаи силсиламулоқотҳо.

Имрӯз дар  шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти Раесати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Суғд вохӯрии навбатии намояндагони Ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти ширкати муштарак, баррасии имкониятҳои ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд. Дар ҷараёни мулоқот …

Идомаи силсиламулоқотҳо. Read More »

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд.

Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуд. Дар форум ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва институтҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин созмонҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд. Масъалаҳои беҳтарсозии …

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд. Read More »

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади расмӣ баргузор шуд. Дар оғоз Раиси Кумита суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Парчами миллӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, худшиносии миллӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Ӯ зикр кард, ки таҳти ин рамзи муқаддас кишвар ба марҳалаҳои нав — рушди иқтисодӣ, такмили …

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Read More »

Муаррифии имкониятҳои Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон.

Санаи 25 ноябри соли 2025 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Панҷакент мулоқоти кории намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон бо соҳибкорон ва роҳбарони субъектҳои бахши хусусӣ баргузор шуд. Дар чорабини мазкур зиеда аз 35 ширкатҳо аз ноҳияи Айнӣ ва Шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд иштирок доштанд. Мулоқот бо мақсади муаррифии фаъолияти ширкат, фаҳмонидани механизмҳои ҳамкориҳои …

Муаррифии имкониятҳои Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон. Read More »

Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд

29 апрел муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо, протоколу харитаи роҳ, рушди ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармоя ва таҳкими кооператсияи саноатӣ …

Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд Read More »

Дар Тошканд дар мавзуи мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ ҳамоиши минтақавӣ баргузор шуд

Имконият ва иқтидори пардохтҳои рақамӣ дар фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ дар ҳамоиши минтақавии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони «Мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ тавассути навоварӣ, шарикӣ ва эътимод» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, баррасӣ шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш дар радифи роҳбарони вазоратҳои …

Дар Тошканд дар мавзуи мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ ҳамоиши минтақавӣ баргузор шуд Read More »

Фаъолияти ШСТУ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон

15 апрели соли 2025 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид. Ҷаласа зери роҳбарии Сарвазирони ду кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Ӯзбекистон муҳтарам Абдулла Арипов баргузор гардида, дар доираи он масоили гуногуни дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа масоили …

Фаъолияти ШСТУ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон Read More »

Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

12-13 апрел дар шаҳри Осакаи Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии  EXPO-2025 таҳти унвони «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор»  павилиони миллии худро ташкил намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, павилиони мамлакат …

Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид Read More »