Хабарҳо

Вохӯрии роҳбарияти Ширакти сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ.

Санаи 4-уми ноябри соли 2026 вохӯрии роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба механизми маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Ширкати муштарак, шарту талаботи пешниҳоди маблағгузорӣ, инчунин тартиби воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои соҳа мавриди баррасӣ …

Вохӯрии роҳбарияти Ширакти сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ. Read More »

Ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшура дар ноҳияи Деваштич

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич ташриф оварда, дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Витаминҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов  дар ҳамовозӣ …

Ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшура дар ноҳияи Деваштич Read More »

Қадами муҳим дар рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ.

Дар доираи конференсияи байналмилалии AIConf 2026 байни Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҶДММ «Атласи Хуҷанд» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи таъсиси аввалин Парки саноатии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ  ба имзо расид. Ёддошти мазкур муттаҳид намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ва инфрасохтории ҷонибҳо, таъсиси корхонаи муштараки ҶСК «Atlas Industry & AI Park», инчунин ташаккули …

Қадами муҳим дар рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ. Read More »

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026»

22–23 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар доираи форум имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар форум соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва …

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» Read More »

Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!», ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ 23 Созишномаи ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 3,1 миллиард доллари амрикоӣ баста шуд, ки соҳаҳои гуногун, аз қабили энергетика, иҷтимоӣ, сохтмон, тандурустӣ, маориф ва татбиқи лоиҳаҳои «сабз» -ро дар бар мегирад.  …

Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид Read More »

Имзои шартномаи лизингӣ ҷиҳати рушди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ

Санаи 23-юми сентябри соли 2026 Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба татбиқи лоиҳаи «Таъсиси истеҳсолоти маҳсулоти термизатсияшудаи ширӣ» шартномаи лизингӣ ба имзо расонид. Дар доираи шартномаи мазкур таъмини корхона бо таҷҳизоти муосири технологии истеҳсолии ширкати NANJING GRANDPAK MACHINERY CO., LTD (Ҷумҳурии Мардумии Чин) пешбинӣ гардидааст. Ҳадафи лоиҳа таъсиси корхонаи муосири истеҳсоли йогурт ва сметанаи термизатсияшуда, …

Имзои шартномаи лизингӣ ҷиҳати рушди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ Read More »

Иштироки намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Форуми дуюми байналмилалии нассоҷии «Тоҷикистон – 2026»

23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии нассоҷии «Тоҷикистон – 2026» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар кори Форум роҳбарони воломақоми мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон, ширкату корхонаҳои соҳаи нассоҷӣ, инчунин коршиносони ватанию байналмилалӣ иштирок намуданд. Форум ҳамчун …

Иштироки намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Форуми дуюми байналмилалии нассоҷии «Тоҷикистон – 2026» Read More »

Текстил_Форум

Баимзораснии шартномаи лизингӣ оид ба бунёди корхонаи муосири парвариш ва коркарди гушти паранда!

Бо мақсади амалисозии сиёсати саноатикунонии мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори соҳаи  парандапарварӣ, санаи 3-юми августи соли 2026 дар Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон шартномаи лизингӣ ба маблағи 1 393 700 доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди таҷҳизот барои ба истифода додани коргоҳҳои парвариши мурғҳои гӯштӣ (бройлерӣ), таъсиси коргоҳи коркард, ҷудокунии гӯшт …

Баимзораснии шартномаи лизингӣ оид ба бунёди корхонаи муосири парвариш ва коркарди гушти паранда! Read More »

Иштироки роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамоиши соҳибкорон.

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар соҳибкор аз ҳар ду кишвар иштирок намуданд. Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорон ва рушди шарикии мутақобилан судманд байни ду кишвар равона гардида буд. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон …

Иштироки роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамоиши соҳибкорон. Read More »

Баимзорасонии навбатии шартномаи лизингӣ!

Бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири ташхиси тиббӣ ва харидории таҷҳизоти замонавӣ, санаи 22 июли соли 2026 дар Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон шартномаи лизингӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Дар доираи татбиқи ин лоиҳа дастгоҳҳои муосири ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), рентгенографияи рақамӣ, инчунин таҷҳизоти муосири ташхиси лабораторӣ барои …

Баимзорасонии навбатии шартномаи лизингӣ! Read More »