Month: February 2026

Нишасти кории ҳайати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузури соҳибкорону сармоягузорон.

18 феврали дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти кории ҳайати мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Дар нишаст Раиси Кумита Султон Раҳимзода, инчунин Сайдмуҳаммади Атобак, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши …

Нишасти кории ҳайати мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузури соҳибкорону сармоягузорон. Read More »

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд

17 феврал дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо аз мавзуъҳои асосии …

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд Read More »

Санаи 11.02.2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид.

Санаи 11.02.2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст натиҷаҳо ва дастовардҳои соли ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузорӣ, дурнамои рушди иқтисодии кишвар ва тадбирҳои минбаъда ҷиҳати тақвияти фазои …

Санаи 11.02.2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид. Read More »

Мулоқотҳои Раиси Кумита дар ҳошияи Форуми B5+1

Дар доираи Форуми B5+1 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серджио Гор мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, …

Мулоқотҳои Раиси Кумита дар ҳошияи Форуми B5+1 Read More »

Дар шаҳри Бишкек Форуми B5+1 ифтитоҳ гардид.

4 феврали соли 2026 дар шаҳри Бишкек ифтитоҳи Форуми B5+1 баргузор гардид, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкории байни соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои минтақа бахшида шудааст. Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА иштирок доранд. Дар …

Дар шаҳри Бишкек Форуми B5+1 ифтитоҳ гардид. Read More »