Мулоқотҳои Раиси Кумита дар ҳошияи Форуми B5+1

Дар доираи Форуми B5+1 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серджио Гор мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар самти рушди соҳибкорӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи Форум мулоқоти Раиси Кумита бо Вазири саноат ва сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.
Илова бар ин, дар ҳошияи Форум Раиси Кумита бо Директори Агентии сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Равшанбек Сабиров, инчунин бо як қатор соҳибкорон ва сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯриҳо анҷом дод.