Санаи 11.02.2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид.

Санаи 11.02.2026 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишаст натиҷаҳо ва дастовардҳои соли ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузорӣ, дурнамои рушди иқтисодии кишвар ва тадбирҳои минбаъда ҷиҳати тақвияти фазои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибзода Фарҳод — мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои зертобеъ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.