18 феврали дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти кории ҳайати мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардид. Дар нишаст Раиси Кумита Султон Раҳимзода, инчунин Сайдмуҳаммади Атобак, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, инчунин ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Нишаст ба минбари муколамаи созанда байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии ду кишвар табдил ёфта, барои таҳкими ҳамкориҳои амалии иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
