Бо мақсади татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат саноатикунонии босуръат, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва коркарди ашёи хоми ватанӣ, инчунин таҷдиди технологии корхонаҳои саноатӣ, санаи 20-уми июли соли 2026 дар Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) оид ба бунёди коргоҳи муосири коркарди хушкмева ба маблағи 497 ҳазор доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Лоиҳаи мазкур ба таъсиси маҷмааи муосири технологӣ оид ба коркарди амиқ, хушккунӣ, навъбандӣ ва бастабандии хушкмева бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи ширкати Alptekin (Ҷумҳурии Туркия) равона гардида, яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди саноати коркард, ташкили занҷираи пурраи арзиши иловашуда ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ ба ҳисоб меравад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 110 тонна ашёи хом дар як моҳро ташкил дода, имкон медиҳад, ки коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ дар дохили кишвар ба роҳ монда шуда, истеҳсоли хушкмеваи баландсифат мутобиқи талаботи бозори ӣайналмилаӣ таъмин гардад.
