Баимзорасонии навбатии шартномаи лизингӣ!

Бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири ташхиси тиббӣ ва харидории таҷҳизоти замонавӣ, санаи 22 июли соли 2026 дар Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон шартномаи лизингӣ ба маблағи зиёда аз 200 ҳазор доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Дар доираи татбиқи ин лоиҳа дастгоҳҳои муосири ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), рентгенографияи рақамӣ, инчунин таҷҳизоти муосири ташхиси лабораторӣ барои ташхиси хун ва дигар таҳлилҳои тиббӣ харидорӣ ва насб карда мешаванд.

Татбиқи лоиҳа барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои ташхисӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ташхиси муосир мусоидат хоҳад кард.