Текстил_Форум

Баимзораснии шартномаи лизингӣ оид ба бунёди корхонаи муосири парвариш ва коркарди гушти паранда!

Бо мақсади амалисозии сиёсати саноатикунонии мамлакат ва баланд бардоштани иқтидори соҳаи  парандапарварӣ, санаи 3-юми августи соли 2026 дар Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон шартномаи лизингӣ ба маблағи 1 393 700 доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди таҷҳизот барои ба истифода додани коргоҳҳои парвариши мурғҳои гӯштӣ (бройлерӣ), таъсиси коргоҳи коркард, ҷудокунии гӯшт ва бастабандии маҳсулоти тайёр, инчунин ташкили шабакаи фурӯши «Хонаи мурғ» пешбинӣ мегардад.

Барои татбиқи лоиҳа таҷҳизот барои 12 коргоҳи парвариши мурғ, хатти коркард ва бастабандии гӯшти мурғ бо иқтидори 350 тонна дар як сол ва 15 адад нуқтаҳои сайёри фурурши маҳсулоти тайёр харидорӣ карда мешаванд.

Таҷҳизоти муосири соҳа аз кишварҳои хориҷ ворид мегарданд.