Иштироки намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Форуми дуюми байналмилалии нассоҷии «Тоҷикистон – 2026»

23 сентябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии нассоҷии «Тоҷикистон – 2026» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар кори Форум роҳбарони воломақоми мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд, доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон, ширкату корхонаҳои соҳаи нассоҷӣ, инчунин коршиносони ватанию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Форум ҳамчун майдони муколама ва табодули таҷриба ҷиҳати баррасии масъалаҳои муҳими рушди соҳаи нассоҷӣ, ҷалби сармоя, татбиқи технологияҳои муосир, коркарди амиқи ашёи хом ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ хизмат намуд.
Зимни ҷаласаҳо иштирокчиён масъалаҳои рушди занҷираи пурраи истеҳсолӣ — аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёр, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, тавсеаи содирот ва дастрасӣ ба бозорҳои навро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаи нассоҷӣ, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҳошияи Форум намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имкониятҳо ва пешниҳодҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи нассоҷӣ шинос гардида, доир ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони эҳтимолӣ мубодилаи афкор намуданд.