Навбати дуюми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти оҳан ба истифода дода шуд

Санаи 1 сентябри соли 2026, дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ хати нави истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар ҶДММ “Маҳмуд Ко” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки корхона бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  24-уми сентябри соли 2024  ба истифода дода шуда буд.

Бакорандозии марҳилаи дуюми рушди корхона амалӣ гардида, истеҳсоли кунҷакҳои металлӣ ва швеллерҳо ба роҳ монда шуд.

Корхона дорои иқтидори истеҳсоли то 120-150 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ва то 50–60 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Истеҳсоли маҳсулот барои таъмини бозори дохилӣ равона шуда, дар оянда содироти он ба кишварҳои ҳамсоя низ ба нақша гирифта шудааст.

Бо ба истифода додани иқтидорҳои нав 12–15 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар замина фароҳам меояд.