Дар доираи конференсияи байналмилалии AIConf 2026 байни Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҶДММ «Атласи Хуҷанд» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи таъсиси аввалин Парки саноатии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расид.
Ёддошти мазкур муттаҳид намудани имкониятҳои сармоягузорӣ ва инфрасохтории ҷонибҳо, таъсиси корхонаи муштараки ҶСК «Atlas Industry & AI Park», инчунин ташаккули платформаи муосири технологиро ҷиҳати рушди зеҳни сунъӣ, истеҳсолоти баландтехнологӣ ва ҷалби шарикону сармоягузорони байналмилалӣ пешбинӣ менамояд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори инноватсионӣ, густариши иқтидори сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мусоидат хоҳад кард.