Вохӯрии роҳбарияти Ширакти сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ.

Санаи 4-уми ноябри соли 2026 вохӯрии роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба механизми маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Ширкати муштарак, шарту талаботи пешниҳоди маблағгузорӣ, инчунин тартиби воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва азнавтаҷҳизонии техникии корхонаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, имкониятҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда муҳокима гардиданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва воридоти таҷҳизоти муосири технологии истеҳсоли хишти пухта изҳор намуданд.