Вохӯрии корӣ бо соҳибкорони минтақаи Бохтар доир ба муаррифии фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон

Санаи 10-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Бохтар вохӯрии корӣ бо соҳибкорони минтақа доир ба муаррифии фаъолияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ беш аз 50 нафар намояндагони доираҳои соҳибкории шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, роҳбарони корхонаҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Усмонзода Исфандиёр оғоз намуда, доир ба муҳимияти ҷалби сармоя ва имкониятҳо дар минтақаи Хатлон суханронӣ намуд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба фаъолияти ширкат ва механизми ҳамкориҳои судманд муаррифӣ карда шуд.
Соҳибкорони минтақа бо имкониятҳои гирифтани сармоягузории дарозмуддат, маблағгузории имтиёзнок, ки ба рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва бахши хизматрасонӣ равона шудаанд, шинос гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот саволҳои марбут ба имконияти дастгирии лоиҳаҳо, роҳҳои густариши ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя бештар мавриди баррасӣ қарор гирифт.