4 феврали соли 2026 дар шаҳри Бишкек ифтитоҳи Форуми B5+1 баргузор гардид, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкории байни соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои минтақа бахшида шудааст.Дар кори Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА иштирок доранд.
Дар маросими ифтитоҳ бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода баромад намуд. Зимни суханронии худ ӯ ҳавасмандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ҷиҳати ҳамкории зичтар ва самараноктар таъкид намуда, инчунин самаранокии формати C5+1-ро ҳамчун платформаи ҳамкории амалӣ арзёбӣ кард.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Саммити «Осиёи Марказӣ – ИМА» ва конфронси соҳибкорие, ки дар доираи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд, ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ такони нав бахшиданд.
Дар ҷараёни суханронӣ инчунин ба иқтидори сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ, рушди иқтисоди «сабз», энергетика ва технологияҳои рақамӣ, инчунин ҳавасмандии кишвар ба густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ ишора гардид.
Форуми B5+1 кори худро дар шакли ҷаласаҳои панелӣ ва муҳокимаҳои мавзӯӣ идома медиҳад.
