Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ., Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, роҳбарият ва кормандони Кумита, инчунин роҳбарони аввали шарикони рушд ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни халқҳо мебошад. Иштирокчиён бо анъанаҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва таомҳои миллии тоҷикӣ аз наздик ошно гардида, фазои идонаро бо самимият ва эҳтироми мутақобил таҷлил намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии муштаракро боз ҳам таҳким бахшид.

