Роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистну Узбекистон дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд

Санаҳои 16-18 июн роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистон Узбекистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд.

Дар кори Форум Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, доир шудани Форуми мазкурро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки талошҳои муштарак ба фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ, шарикии байниминтақавӣ ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ нигаронда шудаанд.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 110 корхона бо сармояи Узбекистон фаъолияти назаррас дорад. Шумораи ширкатҳои фаъол бо сармоягузории Тоҷикистон дар Узбекистон аз 400 адад гузаштааст.

Сарвазири кишвар зимни муаррифии имкониятҳои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон таъкид намуд, ки пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии доимии бахши хусусӣ, ворид шудани технологияи муосир ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат намуд.

Тазаккур дода шуд, ки соли 2025 ба иқтисоди Тоҷикистон қариб 7 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли 2024 35 дарсад зиёд аст. Ҳоло дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд  бо ташкилотҳои молиявӣ, сармоягузорон ва ҷомеаи тиҷоратӣ омода аст.