Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 нафар соҳибкор аз ҳар ду кишвар иштирок намуданд. Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорон ва рушди шарикии мутақобилан судманд байни ду кишвар равона гардида буд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолона иштирок намуда, дар доираи вохӯриҳои формати B2B бо намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқотҳо ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва истифодаи имкониятҳои нави ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намуданд.
