Имзои шартномаи лизингӣ ҷиҳати рушди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ

Санаи 23-юми сентябри соли 2026 Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба татбиқи лоиҳаи «Таъсиси истеҳсолоти маҳсулоти термизатсияшудаи ширӣ» шартномаи лизингӣ ба имзо расонид.

Дар доираи шартномаи мазкур таъмини корхона бо таҷҳизоти муосири технологии истеҳсолии ширкати NANJING GRANDPAK MACHINERY CO., LTD (Ҷумҳурии Мардумии Чин) пешбинӣ гардидааст.

Ҳадафи лоиҳа таъсиси корхонаи муосири истеҳсоли йогурт ва сметанаи термизатсияшуда, рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ширии ватанӣ мебошад.

Татбиқи лоиҳа ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти босифати ватанӣ мусоидат хоҳад кард.

Имзои шартномаи мазкур идомаи тадбирҳои Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.