Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026»

22–23 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Дар доираи форум имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар форум соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ҳамчун самтҳои дорои иқтидори баланди сармоягузорӣ муаррифӣ гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди истеҳсолоти рақобатпазир баррасӣ шуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуд, ки форум барои муаррифии имкониятҳои иқтисодии минтақа, ҷалби шарикони нав ва оғози лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар доираи чорабинӣ инчунин мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон баргузор гардиданд.

Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон (ШСТУ) низ иштирок намуда, бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии вилояти Хатлон шинос гардиданд.