ДАР БОРАИ МО
Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон (ШСТӮ)
дар бозори Тоҷикистон аз соли 2021 инҷониб фаъолият мекунад. Асоси таъсиси ширкат Созишномае мебошад, ки 10 июни соли 2021 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.
Аз рӯзҳои нахустини фаъолият Ширкати Сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон (ШСТӮ) кӯшиш мекунад, ки ба корхонаҳои умедбахш, амалкунанда ва навтаъсис дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити ҷолиб дар бозори асбобҳои молиявӣ ва дар асоси принсипҳои тиҷоратӣ сармоягузорӣ намояд.
Арзишҳои асосие, ки Ширкати Сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон (ШСТӮ) дар фаъолияти худ роҳнамо қарор медиҳад, таъмини сифати баланди хизматрасониҳо мебошад, ки бо истифодаи равиши инфиродии аз ҳама фасеҳ ва самаранок нисбат ба ҳар як муштарӣ якҷоя карда шудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ширкати Сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ин рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Самти дигари афзалиятноки фаъолияти ширкат дастгирии тиҷорати хурду миёна тавассути шарикии мустақим бо сармоягузори лоиҳа (сармоягузории мустақим), инчунин хизматрасониҳо оид ба таҳия ва маблағгузории аҳдҳои лизингӣ дар самтҳо ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт мебошад.
Ширкат омода аст бо назардошти равиши инфиродӣ нисбат ба ҳар як муштарӣ схемаҳои аз ҳама самаранок ва фасеҳи лизингро – ҳам дар шакли мустақим ва ҳам дар шакли бозгаштӣ – амалӣ гардонад.