Муаррифии имкониятҳои Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон.

Санаи 25 ноябри соли 2025 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Панҷакент мулоқоти кории намояндагони Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон бо соҳибкорон ва роҳбарони субъектҳои бахши хусусӣ баргузор шуд.
Дар чорабини мазкур зиеда аз 35 ширкатҳо аз ноҳияи Айнӣ ва Шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд иштирок доштанд.
Мулоқот бо мақсади муаррифии фаъолияти ширкат, фаҳмонидани механизмҳои ҳамкориҳои сармоягузорӣ, инчунин муайян намудани шарикони эҳтимолӣ ва лоиҳаҳои ояндадор барои баррасии минбаъда ташкил гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ширкат иштирокчиёнро бо самтҳои асосии сиёсати сармоягузорӣ, шартҳои маблағгузорӣ, талабот ба пешниҳоди лоиҳаҳо ва тартиби интихоби онҳо муфассал шинос карданд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии лоиҳаҳое равона мешавад, ки ба рушди иқтидори саноатӣ, кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, логистика, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисод мусоидат мекунанд.
Соҳибкорон  пешниҳодҳои мушаххасро дар мулоқот муаррифӣ намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳори таваҷҷуҳ карданд. Ҷонибҳо имкониятҳои шарикии дарозмуддатро баррасӣ намуда, инчунин оид ба идомаи ҳамкорӣ ва пешниҳоди маводи муфассали лоиҳавӣ барои омӯзиши минбаъда ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот зикр шуд, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Боиси зикр аст, ки мулоқотҳои шабеҳи корӣ бо соҳибкорон то 28 ноябр дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Конибодом идома меёбанд.