Ҷаласа оид ба ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дируз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Кумита ва кормандони он, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Дӯстмуродзода Сураё ва Наботзода Сиёвуш Холмурод, ҳамчунин Қурбонзода Убайдулло Маҳамадалӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳо баромад намуда, муҳтавои асосӣ, ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар ҷараёни муҳокима табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, тақвияти рушди устувори иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсози давлатӣ на танҳо самтҳои афзалиятноки рушди кишварро муайян менамояд, балки барои тамоми сохторҳои давлатӣ масъулияти мушаххас ва дурнамои равшани фаъолияти минбаъдаро муқаррар месозад.