Дар Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳри Душанбе рӯзи 16 январ Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Ба иттлои манбаъ, чорабинии мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон доир мегардад.
Қарор аст, дар кори Анҷуман аз ҳар ду ҷониб 400 нафар иштирок намоянд.
Дар Анҷуман Вазири энергетика ва захираҳои об, вазири саноат ва технологияҳои нав, Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин роҳбарони мақомоти давлатии ҷониби эронӣ маъруза хоҳанд кард.
Ҳамчунин суханронии Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Раиси Кумитаи муҳити зисти Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти давлатии ҷониби эронӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар Анҷуман ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони тоҷикистонӣ ва эронӣ ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20250115/anjumani-sarmoyaguzori-gardishgari-tojikiston-eron-1065862617.html