Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Рузи 29.01.2025 с. таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба хотири эътибори ҳуқуқӣ (ратификатсия) пайдо намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, баъд аз тасдиқ (ратификатсия) ва мубодилаи тасдиқномаҳо мавриди амал қарор мегирад.
Аҳднома дар заминаи Аҳднома оид ба дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ш.Душанбе, 15 июни соли 2000) ва Шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ш.Тошканд, 17 августи соли 2018) омода гардидааст.
Аҳднома аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ мувофиқи мақсад буда, ба Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ба афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Муҳтавои он бар зидди давлатҳои минтақа равона нашудааст ва ба робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ таъсири манфӣ намерасонад.