Author name: Редактор

Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд

29 апрел муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо, протоколу харитаи роҳ, рушди ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармоя ва таҳкими кооператсияи саноатӣ …

Ҳоким Холиқзода бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд Read More »

Дар Тошканд дар мавзуи мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ ҳамоиши минтақавӣ баргузор шуд

Имконият ва иқтидори пардохтҳои рақамӣ дар фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасонии молиявӣ дар ҳамоиши минтақавии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти унвони «Мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ тавассути навоварӣ, шарикӣ ва эътимод» дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, баррасӣ шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш дар радифи роҳбарони вазоратҳои …

Дар Тошканд дар мавзуи мусоидат ба истифодаи пардохтҳои рақамӣ ҳамоиши минтақавӣ баргузор шуд Read More »

Фаъолияти ШСТУ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон

15 апрели соли 2025 дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид. Ҷаласа зери роҳбарии Сарвазирони ду кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Ӯзбекистон муҳтарам Абдулла Арипов баргузор гардида, дар доираи он масоили гуногуни дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа масоили …

Фаъолияти ШСТУ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҷаласаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон Read More »

Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

12-13 апрел дар шаҳри Осакаи Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии  EXPO-2025 таҳти унвони «Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо» баргузор гардид. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ — барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор»  павилиони миллии худро ташкил намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, павилиони мамлакат …

Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид Read More »

Дар шаҳри Хива ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд

15 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд. Қабл аз оғози ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов аз мавзеъҳои таърихӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳии шаҳри …

Дар шаҳри Хива ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд Read More »

Дар Тошканд тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд

Тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон дар меҳвари мулоқоти  муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо раиси Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Тимур Ишметов дар Тошканд баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон. Ҷонибҳо  масъалаҳои густариши ҳамкории низоми бонкии ду давлатро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии баимзорасида, аз ҷумла созишномаҳои …

Дар Тошканд тавсеаи ҳамкории байнибонкии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд Read More »

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми 4,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст

11 феврали соли 2025 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба мамлакат дар соли 2024 иттилоъ медиҳад. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии сармояи хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон …

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми 4,9 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст Read More »

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд 11 феврали соли  ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи истеҳсолоти …

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд Read More »

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баррасӣ ва қабул гардид

31 январи 2025 с. таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва қабул гардид. Ҳамзамон дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид …

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баррасӣ ва қабул гардид Read More »

Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид Рузи 29.01.2025 с. таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он  Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ …

Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид Read More »