Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар кори форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳарду давлат иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳаммияти таҳкими ҳамкории тиҷоратию иктисодӣ, ҷалби сармояи мутақобил ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳоро таъкид намуда, омодагии қавии худро барои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштанд.
Дар Душанбе нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид
