Агентии рейтингии «S&P Global Ratings» рейтинги дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи «B/B» бо дурнамои «устувор» тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ба дурнамои устувор омилҳое, чун муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд давлати мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи берунӣ ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, дохил мешаванд.
Инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ солҳои охир ба интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуд.
Тасдиқи рейтинг далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар мамлакат буда, ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат менамояд.
