Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти Раесати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Суғд вохӯрии навбатии намояндагони Ширкати муштараки сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо соҳибкорони маҳаллӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолияти ширкати муштарак, баррасии имкониятҳои ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ширкат имкониятҳо, шартҳо, лоиҳаҳои амалкунанда ва механизмҳои дастгирии соҳибкоронро муаррифӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавоб доданд.
