Баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ!

Санаи 22-уми октябри соли 2025 вохӯрии роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарияти Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи Вилояти Хатлон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муаррифии имкониятҳои маблағгузории ширкат ба соҳибкорони муваффақи минтақаи Хатлон бо мақсади дастгирии онҳо ва омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” баррасӣ карда шуд.
Дар натиҷа чонибҳо доир ба муаррифии имкониятҳои маблағгузории ширкат дар доираи Форуми болозикр ба мувофиқа расиданд.