Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қадрдонии кормандон барои саҳми арзанда дар баргузории Форуми “Dushanbe Invest 2025”

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Султон Раҳимзода чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Раиси Кумита таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, пояи давлатдории миллӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, нақши муҳим дар таҳкими пояҳои давлати ҳуқуқбунёд ва пешрафти устувори кишвар дорад.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ як гурӯҳ кормандони фаъол ва аъзои дастаи кории Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest 2025” барои саҳми арзандаашон дар ташкилу баргузории муваффақонаи форум бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ гардиданд.
Султон Раҳимзода зикр намуд, ки Форуми “Dushanbe Invest 2025” яке аз чорабиниҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таҳкими имиҷи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намуд.