Иштирок дар Форуми байналмилалалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025»

Баҳри иҷрои  дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба роҳандозии фаъолияти самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва содироти он  тавассути ҷалби сармоя, санаи 11-уми ноябри соли 2025  дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» баргузор гардид.

Пас аз қисмати расмии Форум чорабинӣ дар се панели алоҳида дар мавзӯҳои «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили минтақаи Хатлон ба маркази муосири иқтисодӣ», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома ёфт.

Дар кори Форуми болозикр роҳбарияти Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок намуда, дар доираи панели якум доир ба фаъолият ва имкониятҳои ҳамкорӣ суханронӣ намуда, бо соҳибкорону сармоягузорон мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд.

Дар натиҷа байни Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва соҳибкорони ватанӣ якқатор санадҳои нави ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ ба имзо расонида шуд.