Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардид.Дар баргузории чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Кумита иштирок намуда, таъкиди аҳамияти ин санаҳои муҳимро барои таърихи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишвар иброз карданд.
Зимни эҳтиром ба Роҳбари давлат таъкид карда шуд, ки сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат заминаи асосии пешрафти иқтисоди кишвар, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, нақши таърихии Иҷлосияи XVI — ҳамчун нуқтаи бозгашт, эҳёи давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ — бо эҳтиром ёдоварӣ гардид.
Кормандони Кумита изҳор доштанд, ки бо иқдому ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ҷодаи ҷалби сармоя, баланд бардоштани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ талошҳои худро идома медиҳанд.
